Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагарди ҷавон бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

11-уми майи соли 2025, тахминан соати 23:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аминов Эҳсонҷон Исломович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз самти маҳаллаи Чорбоғ ба самти кучаи Карамов дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шаҳбози Шавкат, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шаҳбози Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда Аминов Э.И. ба беморхона дастрас карда шуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

13.05.2025 9:23
35