Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

9-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, Рузиев Тоҷиддин Абдуқаҳорович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Хуррамдеҳи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахтони канори рости роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашина, Азизов Дӯстмурод Ғафурҷонович, соли таваллудаш 1991 ва Сангов Салоҳиддин Сироҷиддинович, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

12.05.2025 9:17
33