Аз ҷониби кормандони милитсия як қатор кирдорҳои қаллобӣ ошкор карда шуд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми декабри соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе қарор доштанаш ҷавони 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то 2-юми январи соли 2025, маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷойи кораш муовини директори ҶДММ “Рамшед” ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо мақсади ба даст овардани амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, бо тариқи бастани шартнома оид ба хариду фурӯши заводи хурди битонӣ, бо роҳи қалбакӣ тартиб дода шуда, дар асоси шартномаи басташуда заводи хурди истеҳсоли бетониро, ки арзишаш 510 ҳазор сомониро ташкил медод, аз марди 54-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба даст оварда, ваъда медиҳад, ки маблағашро дар рӯзҳои наздик пардохт мекунад, аммо баъди ба даст овардани заводи хурди бетонӣ онро ба дигар шахс фурӯхта маблағи бадаст овардаашро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.