Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми майи соли 2025, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинааш тамғаи “Лексус”, ки дар назди хонааш беназорат меистод, 29 ҳазору 890 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 27-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст. 
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи М.Ҳамадонӣ бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми майи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷоий ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 16 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавонзани 19-солаи сокинони ноҳияи Восеъ содир намуда, онҳо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ мактуби ширкати сохтмонии ҶДММ “Себистон 2018” ворид гардидааст, ки 8-уми майи соли 2025, дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ноқилҳои барқӣ дар ҳаҷми 1 ҳазору 114-метрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 58 ҳазору 819 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

12.05.2025 9:01
16