Ҳалокати духтарбачаи хурдсол ва пиразан дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
8-уми майи соли 2025, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Саматов Ойбек Меликович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, дар назди дарвозахонаи манзили истиқоматиаш автомашинаро ҳангоми ба ақиб рондан, аз беэҳтиётиаш духтари хурдсолаш Ойбекзода Малика, соли таваллудаш 2022-ро бо чархи ақиби автомашина пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
8-уми майи соли 2025, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Донг Фенг”, Абдуллоев Давлатмурод Мусофирович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Варзоб, ки он ба муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо дар ноҳияи Сино тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Лоҳутӣ ба самти кӯчаи Д.Халқҳо дар рӯ ба рӯи манзили истиқоматии 114, пиёдагард Бобоева Бадалмо Мирзокаримовна, соли таваллудаш 1949, сокини ноҳияи Айниро, ки дар канори роҳи мазкур ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард, Бобоева Б.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас шуда, дар онҷо ба ҳалокат расидааст.