Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба писари амак

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 56-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми майи соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, писари ноболиғи 17-солаашро дар назди мағозаи деҳаашон писари амакаш ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо корди хоҷагидорӣ як маротиба ба пушташ зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

09.05.2025 8:27
35