Маросими Савгандёдкунӣ дар қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қушӯнҳои дохилӣ
7-уми майи соли 2025 дар қисми ҳарбии 5453-и Раёсати қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ маросими Савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Суҳроб Рауфзода ва падару модарони наваскарон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас наваскарон дар назди ҳозирин бо тантана Савганди садоқат ёд намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо наваскарон ва волидайни онҳоро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда, маросими Савгандёдкунӣ табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки хизмат ба давлату миллат, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон барои ҳар фарди ватандӯст ифтихор аст ва рӯй овардани ҷавонон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доштани онҳо дарак медиҳад.
Дар идомаи суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ бо боварӣ зикр кард, ки наваскрон ва сарбозони ҷавон ба Савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву самимона хизмат мекунанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби сарбозон якчанд машқҳои низомӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин волидайн ва наздикони онҳо ба роҳбарияти давлат ва Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории худро баён намуда, иброз доштанд, ки имрӯз барои мо ва фарзандонамон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро фарзандони мо ҳамчун посдори обу хоки ин сарзамин ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамин тавр, ҷамъомади тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи наваскарони даъвати баҳории соли равон дар ин қисми низомии Вазорати корҳои дохилӣ бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ ва таҳти навои оҳангу таронаҳои аҳли ҳунар ба поён расид.
Гул Маҳбуба