Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки  6-уми июни соли 2024, дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе марди 33-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро дар муддати кутоҳтарин бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати  шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми феврали соли 2025, дар ҳудуди шаҳри Твери Федератсияи Россия бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ даромада, бо баҳонаи 1 миллиону 62 ҳазор рубли русиро аз шаҳри Твери Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додан гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.05.2025 8:20
37