Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 33-сола барои дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 6-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:00, ба хонаи истиқоматии зани 50-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз дохили ҷевонаш 10 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазор рубли русӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 18 ҳазору 392 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.