Марди 33-сола хусурашро таҳдиди куштан кард
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми апрели соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматии хусураш марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ӯ баҳсу муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ якчанд маротиба ба рӯйи хусураш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, таҳдиди куштан кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.