Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва мусофир дар садамаҳои  нақлиётӣ

4-уми майи соли 2025, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ниязов Фурқат Тухтаевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти рости роҳ ба чуқурӣ сарозер шудаааст.
Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми майи соли 2025, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Кучаков Ҳасан Кузиевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи маҳаллаи 40-солагии ноҳияи мазкур дар вақти гардиш ба самти ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Королла», таҳти идораи ронанда Сафаров Алимаҳмад Шодиевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҳамин ноҳия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бадиев Маликумед Самиевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири дигари автомашинаи мазкур Шарифзода Қурбонбой, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

06.05.2025 8:23
38