Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҳодисаи дуздӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми апрели соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар бинои мактаби сохтмонаш нотамом, воқеъ дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш аз ҷайбаш як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг АО2”, 2-адад шиносномаи миллӣ ва 800 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст. 
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Левакант бо ариза марди 52-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки 15-уми апрели соли 2025, ҳангоми дар шаҳри Бохтар қарор доштанаш шахси номаълум телефони мобилиашро бо баҳонаи занг задан гирифта, аз ҳамёни электронии “ҶСП Душанбе-Сити бонк”, 7 ҳазор сомониашро ба корти “Душанбе Сити”-и дигар интиқол дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

06.05.2025 8:18
21