Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомад бахшида ба 80-солагии Ғалаба бар фашизм дар шаҳри Москва

5-уми майи соли 2025 дар бинои Маркази фарҳанги миллии халқҳо, воқеъ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза бар зидди фашизм ва миллатгароӣ: саҳми қаҳрамонон – тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» бахшида ба 80-солагии Ғалаба бар фашизм баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони зиёда аз 50 миллату халқиятҳо  ширкат варзиданд.
Дар ин ҷамъомад намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ низ иштирок намуда, доир ба корнамоиҳои фарзандони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 суханронӣ намуд.
Гул Маҳбуба
 

05.05.2025 17:23
84