Ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани нафароне, ки меъёрҳои истифодаи қувваи барқро вайрон кардаанд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 39 ва 37-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров кормандони фермаи мурғпаравии ноҳияи Деваштич аз рӯи маслиҳати пешаки бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ дар намуди парвариши мурғи «Бройлер» машғул шуда, истифодаи қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ ба роҳ монда, 5-адад фурӯзонакҳои барқӣ, 1 адад шамолдиҳаки барқӣ ва 1 адад насоси обкаширо бидуни ҳисобкунаки барқӣ ба хатти барқ пайваст намудаанд.
Тибқи санади қоидавайронкунӣ ва ҳисобаробаркунии сарфаи барқе, ки бидуни ҳисобкунаки барқӣ ба сехи мазкур аз рӯи иқтидори муқарраршудаи қабулкунандаи ҷараён ва миқдори соати кории муштарӣ 14040 кВт-ро ташкил дода, маблағи зарар ба “Шабакаи барқ”-и ноҳияи Деваштич расонидашуда 11 ҳазору 258 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо иловаи 1 қисми 1 моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуроии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич дар вазифаи роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи «А.Қодиров»-и ноҳияи Деваштич кор карда истода, ғайриқонунӣ истифодаи қувваи барқро бе ҳисобкунаки барқӣ ба роҳ мондааст, ки дар рафти санҷиш 2 ҳуҷраи бинои Маркази таҳсилоти иловагии барои корҳои хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартномаи шифоҳӣ ба иҷора гирифта, шуруъ аз моҳи ноябри соли 2024 онро мавриди истифода қарор додааст.
Дар ҳуҷраҳои мазкур 1-адад дастгоҳи обҷӯшонӣ (тефал) ва 1 адад дастгоҳи гармидиҳии равғаниро бидуни пайваст намудан ба ҳисобкунаки барқӣ истифода намудааст.
Тибқи санади қоидавайронкунӣ ва ҳисобаробаркунии сарфаи барқе, ки бидуни ҳисобкунаки барқӣ аз тарафи гумонбаршаванда аз рӯи иқтидори муқарраршудаи қабулкунандаи ҷараён ва миқдори соати кории муштарӣ 8880 кВт-ро ташкил дода, маблағи зарар ба “Шабакаи барқ”-и ноҳияи Деваштич расонидашуда 8 ҳазору 190 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 қисми 1 моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.