Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ ҷиноят аст! 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ марди 56-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ тавассути ноқилҳои барқӣ, аз симчӯби қувваи барқ, берун аз ҳисобкунаки барқӣ ба ошхонааш “Шоми Душанбе” қувваи барқ гузаронида, ғайриқонунӣ истифода бурдааст.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи масъулини Шабакаи барқи ноҳияи Рӯдакӣ санади ҷаримавӣ тартиб дода шуда, зарари расонидаи гумонбаршаванда ба “Барқи Тоҷик” 6 ҳазору 696 сомониро ташкил додааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

01.05.2025 8:25
43