Пахш намудани дучархарон дар роҳи пиёдагард
29-уми апрели соли 2025, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Айён, Холмуродов Нуралӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар болои роҳи пиёдагард дучархарон Маҳмалиев Илҳомиддин, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Маҳмалиев И. дар роҳи мошингузар афтида, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашурализода Ҷамшед, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи мазкур дучархарони дар роҳ афтидаро пахш намуда гузаштааст.
Бар асари ин ҳодиса дучархарон Маҳмалиев И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.