Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду мавриди истисмори меҳнатӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва “Раҷабалӣ” ном шахс дар шаҳри Богдановичи вилояти Свердлови Федератсияи Россия, тахминан моҳи апрели соли 2024 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣро бо баҳонаи бо кор таъмин намудан ҷалб намуда, минбаъд ӯро дар фабрикаи пойафзолбарорӣ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор додаанд.
Ҳамзамон гумонбаршавандагон ҷабрдидаро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ бо роҳӣ маҷбурӣ гирифта, гаштугузорашро маҳдуд кардаанд. 
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.04.2025 8:51
34