Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми апрели соли 2025, тахминан соати 23:00, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҳамсараш зани 31-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд баданашро харошида, таҳдиди куштан намуда, баъдан лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.