Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ дар ноҳияи Рашт
Ба ШВКД дар ноҳияи Рашт бо аризаи марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2024 шахсони номаълум ба хонаи истиқоматии бародараш, марди 49-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 36 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо роҳи пинҳонӣ аввалҳои моҳи декабри соли 2024 ба манзили истиқоматии зани 40-солаи сокини ноҳияи Рашт даромада, ду адад телефони мобилии тамғаҳои “Самсунг”, “Флай” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда, 5 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.