Ғорат намудани дучархаи кӯдаки хурдсол
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2025, тахминан соати 17:00, дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шахси номаълум бо тариқи ошкоро аз дасти писарбачаи 2-солааш 1-адад дучархаро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 38-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 247, 244 ва 375 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.