Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар самти фаъолияти амалияи маъмурӣ

Бо ташаббуси шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади сифатнокии фаъолият дар самти амалияи маъмурӣ, дастурдиҳӣ баҳри ҷорӣ кардани барномаҳои давлатии ҳукумати электронӣ ва истифодабарӣ аз махзани ягонаи электронии коргузории МКД дар самти фаъолияти маъмурӣ бо иштироки кормандони дар самти амалияи маъмурӣ вобастагардида дар маҷлисгоҳи Раёсат семинари омӯзишӣ доир гардид. 
Дар кори семинар нозирони минтақавии милитсия, хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шиносномадиҳӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, таҳқиқотчиён, ваколатдорони оперативӣ, милитсияи экологӣ ва дигар сохторҳои таркибии милитсияи Суғд иштирок доштанд. 
Дар оғоз сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло оид ба натиҷаҳои фаъолияти маъмурии шуъбаву хадамотҳои МКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастур дод. Гуфта шуд, ки бо мақсади мутамарказонидани ҳисоботи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар сохтори ВКД таъсиси махзани ягонаи электоронии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба маврид мебошад. Зеро имконият медиҳад, ки таҳлилу баҳогузории фаъолияти амалияи маъмурӣ дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ монда шавад.
Сифатнокии тартиби барасмиятдарории ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоргардида ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт зарур мебошад. 
Дар қисмати таълимии кори семинар сардори шуъбаи таҳқиқи Раёсат полковники милитсия Алишер Маннонзода, дотсенти факултети 4 Академияи ВКД полковники милитсия Муллобоев М., таҳқиқотчии калони шуъбаи таҳқиқ подполковники милитсия Неъматов Н., ба кормандони амалии мақомот талаботи қонун, фармону дастурамалҳои танзимкунандаи фаъолияти амалияи маъмурӣ, тартиб додани маводҳои маъмурӣ, раванди ҳуҷҷатгузорию бақайдгирӣ, муҳлати баррасӣ ва аз рӯи тобеъият ирсол намудани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии самти таҳқиқ ва дигар самтҳои алоқаманд ба фаъолияти амалияи маъмуриро фаҳмониданд. 
Ҷараёни семинар-машварат имкон дод, то ин ки кормандони амалии мақомот мушкилоти зимни фаъолият рӯ ба рӯ шавандаро баррасӣ ва маълумоти заруриро дастрас намуда дониши назариявии худро мустаҳкам намоянд.
Қобили қайд аст, ки  фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятнок буда, имконияти бештари коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ то андозае ба натиҷаи коргузории маъмурӣ вобастагӣ дорад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

25.04.2025 16:32
72