Ифшо шудани ҳолати тамаъҷӯӣ аз духтарбачаи ноболиғ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷуӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2024, бо духтарбачаи ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Гулистон шиносоӣ пайдо намуда, ба воситаи шабакаҳои интернетии «Вотсап" ва "Телеграмм» расмҳои гуногуни духтарбачаи мазкурро талаб намуда, онҳоро ба шабакаҳои иҷтимоии «Телеграмм» гурӯҳи «Порно 18 18 18» паҳн намудааст.
Баъдан аз ҷабрдида бо истифодаи таҳдид ва иръоб (шантаж) барои дар оянда ифшо накардани дигар маълумотҳои беобрӯкунанда ва бадномкунанда 3 ҳазор сомонӣ талаб мекунад.
21-уми апрели соли 2025, тахминан соати 15:00, ҳангоми гирифтани 3 ҳазор сомонӣ гумонбаршаванда дастгир гардида, нисбаташ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.