Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 23-юми апрели соли 2025, тахминан соати 19:00, дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шахсони номаълум ошкоро аз дасти писари ноболиғи 11-солааш як адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини пойтахт содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

25.04.2025 8:52
14