Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯиқасди куштор нисбати ҳамсари собиқ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаҳои 141 ва 376 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони  сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 23-юми апрели соли 2025, тахминан соати 19:06-дақиқа, дар ошхонаи “Фарғона”, воқеъ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, собиқ ҳамсараш зани 38-солаи сокини шаҳри мазкурро аз рӯи рашк ва хусумати пешина бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, бо корди хоҷагӣ се маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

25.04.2025 8:47
33