Ошкор шудани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми апрели соли 2024, ҳангоми дар ҶДММ “Ширкати фурӯши мошинҳои байналмилалии Нури Тоҷикистон”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии роҳбари ширкати мазкур даромада, худро ҳамчун соҳибкори муваффақ муаррифӣ намуда, ваъда додааст, ки автомашинаҳои онҳоро фурӯхта маблағи онро сари вақт оварда медиҳад.
Гумонбаршаванда бо ин роҳ ба боварии ҷабрдида даромада, аз ширкати мазкур ду адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, арзишашон 490 ҳазор сомонӣ, як адад автомашинаи тамғаи “Лексус-ЛС”, арзишаш 250 ҳазор сомонӣ, як адад автомашинаи тамғаи “Ренҷ-Ровер”, арзишиш 150 ҳазор сомонӣ ва як адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Ланкрузер-300”, арзишаш 930 ҳазор сомониро, ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 820 ҳазор сомонӣ гирифта, танҳо маблағи 332 ҳазору 800 сомониашро супорида, боқимонда маблағи пулиро дар ҳаҷми 1 миллиону 487 ҳазору 200 сомонӣ пардохт накарда, ваъда додааст, ки пас аз 4 моҳ маблағи боқимондаро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи боқимондаро бар нагардонида ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















