Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мактабҳои вилояти Пенза бо пешниҳоди политсия вазифаи муовини директор оид ба бехатарӣ ворид карда шуд

Бо пешниҳоди РВКД Россия оид ба вилояти Пенза Вазорати маориф дар минтақа вазифаҳои шахсонеро ворид намуд, ки барои амният ва бехатарии мактаббачагон вазифадор мебошанд. Муовинони директор оид ба бехатарӣ, ҳаёт ва саломатии хонандагонро дар мактабҳои миёна таъмин менамоянд ва дар муассисаҳои таълимӣ асосҳои бехатарии ҳаёт ва фаъолиятро  меомӯзонанд. Вазифаҳои муовини директор оид ба бехатарӣ аллакай дар як қатор мактабҳои Пенза, Заречний ва Кузнетск ҷорӣ карда шудаанд.

Аз саршавии соли хониш политсияи Пенза ба мониторинги иштироки хонандагон дар дарсҳо шурӯъ намуд. Дар ҳолати набудани хонанда дар синфхона дар вақти дарс, корманди политсия муайян менамояд, ки бо кадом сабабҳо мактаббача дар машғулиятҳо нест. Дар ҳолати зарурӣ нозир оид ба корҳои ноболиғон ба хонаи кӯдакон рафта, мефаҳмад, ки дар кадом шароит онҳо кор мекунанд.

 Хадамоти матбуотии РВКД Россия оид ба вилояти Пенза

23.10.2012 14:50
11