Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии намояндаи ВКД бо донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Дар асоси нақшаи якҷояи ВКД бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Маркази таълимии ВКД полковники милитсия Аълозода Муҳаммадрасул Аъло бо ҳайати донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон баргузор гашт.
Таъсир расонидан дар камолоти маънавии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии содиршавии ҷинояту ҳуқуквайронкунӣ дар байни онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон вобаста ба донишҳои сиёсиву дунявӣ, огоҳсозӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, истифодаи дурусту мақсадноки шабакаҳои интернетӣ, ҳадафмандона омӯзиши барномаи дарсии соҳаи интихоб намуда ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисли «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ҷиҳати такмил додани донишу ҷаҳонбинӣ ҳадафи чорабинии тарбиявиро фаро гирифт. Таъкид гардид, ки танҳо нафари саводноку бомаърифат ва мутахассиси соҳаи худ метавонад дар зиндагӣ мавқеъ пайдо намуда дар баробари соҳиб шудан ба рӯзгори саодатмандона дар ободии Ватан саҳм гузорад.
Дар ҷараёни чорабинии тарбиявӣ намояндаи ВКД паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷавононро ба риштаи таҳлил кашида бо пеш овардани мисолҳои воқеъӣ оид ба шароити таҳсил, рӯзгори ҷавонони муваффақ, бероҳагардии баъзе аз ҷавонон ва оқибати интихоби роҳи нодурусти зиндагӣ ба ҳозирин маълумот дод. Ҳамзамон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 вобаста ба сиёсати давлатӣ нисбати ҷавонон ва соҳаи маориф матраҳ гардид. Дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ кардан ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон аз солимгардонӣ то зинаҳои гуногуни таҳсил ва фаро гирифта шудани ҷавонон ба ҷойҳои кории муносиб аз рӯйи ихтисос нишонаи ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбати насли ҷавонон мебошад.
Вазъияти  тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҷавононро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошанд бо ғояҳои наву созанда аз худ фаъолнокӣ нишон диҳанд ва дар пешрафти кишвар саҳм гузоранд, зикр намуд намояндаи ВКД ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ.
Дар ҷараёни мулоқот маърӯзачиён ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххаси дастурӣ дода бори дигар онҳоро ба амалҳои солеҳу созанда роҳнамоӣ карданд.
Қобили қайд аст, ки Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон соли 2006 дар заминаи моддӣ-техникии собиқ Коллеҷи кӯҳию металлургии шаҳри Чкалов ҳамчун муассисаи таълимии олии касбӣ таъсис дода шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

23.04.2025 16:10
75