Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

22-юми апрели соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд.
Аз он ҷумла:
- полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло ба вазифаи сардори Раёсати ташхиси (экспертӣ) криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот ба вазифаи сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар Комил ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Абдураҳмонзода Миралӣ Сайраҳмон ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Содиқзода Камолҷон Сайфулло ба вазифаи сардори Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Мирзозода Рустам Бекмурод ба вазифаи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор;
- полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим Абдусалом ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони Вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Давлатёрзода Орзуҷон Сайҷафар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Сабурзода Меҳроҷиддин Мирзодавлат ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Ташрифзода Шоҳвали Турахон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд;
- генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода;
- майори милитсия Ғоибзода Исроил Ҷурахон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ;
- полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;
- полковники милитсия Содиқзода Ҳотамшоҳ Ҷаббор ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;
- полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад ба вазифаи сардори Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
- подполковники милитсия Шарифзода Фирдавс Ҳасан ба вазифаи сардори Шуъбаи 2-юми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
- полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат;
- полковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд;
- полковники милитсия Абдуллозода Асомуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд; 
- подполковники милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон;
- майори милитсия Раҳимзода Мирзоватан Мирзораҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд;
- генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Назарзода Хуршед Толибҷон - сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;  
- генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмасаид Борон ба вазифаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон;
- генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ба вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ ба вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

22.04.2025 11:54
2 405