Ифтихори ВКД Тоҷикистон
Бо як хурсандии беандоза иттилоъ медиҳем, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ, майори милитсия Латифзода Сомон Зариф 4 декабри соли 2021 бо муваффақият рисолаи диссертатсиониро дар мавзӯи «Ташхиси коршоямии касбӣ-психологии шахс дар мақомоти корҳои дохилӣ (дар мисоли довталабони самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси «Психология» дифоъ намуд. Ҳодисаи мазкур барои мақомоти корҳои дохилӣ боиси ифтихор аст, зеро Латифзода Сомон Зариф нахустин корманде мебошад, ки на танҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, балки дар тамоми низоми сохторҳои қудратӣ мутахассиси дараҷадор дар соҳаи илмҳои психологӣ гардид.