Нишонаи эҳтироми мардум – гузоштани лавҳаи ёдгории корманди милитсия
Бахшида ба «Рӯзи кормандони милитсия» бо мақсади гиромидошти хотираи неки собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ сержанти калони милитсия Амонов Маҳмадамон Комилович дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии №10, ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ки номбурда таҳсилдидаи ҳамин дабистон аст, лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд. Дар чорабинӣ, ки баҳри арҷгузорӣ ба хизматҳои Маҳмадамон Амонов доир гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзгорону хонандагон ва аҳли пайвандони марҳум ширкат варзиданд.
Гузоштани лавҳаи ёдгорӣ бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Сипарони Ваҳдат» анҷом дода шуд. Созмони ҷамъиятии мазкур дар сафи худ иштирокчиён ва барқарорсозандагони сохти қонститутсиониро ҷамъ намуда, аз рӯи принсипҳои ватандӯстию инсондӯстӣ фаъолияташ ба роҳ монда шудааст.
Дар рафти чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Маҳмадамон Амонов 7-уми октябри соли 1966 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷ.Расулов дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намудааст. Номбурда фаъолияти кории худро аз соли 1984 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ оғоз ва дар самтҳои гуногуни ин мақомот то соли 1998, яъне то дами марг кор кардааст. Номбурда соли 1998 зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷасорат нишон дода ба муқобили гурӯҳи мусаллаҳонаи Маҳмуд Худойбердиев мубориза мебарад ва дар ин набард қаҳрамонона ҳалок мегардад. Хизматҳои ӯ бо медалу Ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ карда шудаанд.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон аз хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ ёдовари намуда, таъкид карданд, ки диловарию ҷоннисории чунин ҷавонон барои наслҳои оянда намунаи ибрат аст.
Айни замон писари Маҳмадамон Амонов, Комил Амонов дар пайравӣ ба касби падар дар сафи МКД кору фаъолият дорад. Ва идомадиҳандаи касби падар будан барои ӯ мояи ифтихор аст. Мавсуф соли 2014 бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба факултети №4 Академияи ВКД дохил шуда, соли 2019 баъди хатми муассисаи олии таълимӣ дар вазифаи ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Зафаробод кору фаъолият дорад. Дорандаи рутбаи лейтенанти калони милитсия мебошад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки ба хотири гиромидошти заҳмати диловарона ва ҷоннисории Маҳмадамон Амонов ба нафъи Ватан ва зиндаву ҷовид мондани номи ин абармард дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов кӯчае ба номи ӯ гузошта шудааст. Ҳамчунин дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия ҷиҳати тарбияи ватандӯстии хонандагон Гӯшаи ахтарони ба номи Маҳмадамон Амонов фаъолият мебарад. Ҳама ин қадршиносиҳо нишонаи эҳтироми мардум ба фарзанди диловари Ватан аст. Маҳмадамон Амонов тавонистааст бо амалу рафтораш дар дили аҳли пайвандон, ёру дӯстон ва ҳамкоронаш ошён гузорад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия