Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршавада моҳи октябри соли 2024 аз духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда маблағи 400-доллари амрикоӣ ва беш аз 3 ҳазор сомониро талаб карда гирифтааст.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми декабри соли 2024, ғайриқонунӣ аксҳои оилавии зани 33-солаи сокини шаҳри Исфараро ҷамъ намуда, ин аксҳоро ба саҳифаи махсуси «Дакаданг-Исфара-4» паҳн карда, барои гирифтани аксҳои дар саҳифаи махсус воридшуда, аз ҷабрдида 101 ҳазор рубли русӣ баробар ба 11 ҳазору 165 сомонӣ талаб карда гирифта, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.