Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан моҳи майи соли 2008, марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчуини ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи январи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, аз фермаи нигоҳдории чорвояш, воқеъ дар ноҳияи мазкур дар ду лаҳза 11-сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 323 ҳазору 560-сомонӣ ба таври ғайринақдӣ харидорӣ намуда, маблағашро пардохт накарда, ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.04.2025 8:30
28