Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба худкушӣ расонидани келин 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 64-солаи сокини шаҳри Истаравшан нисбати келинаш зани 33-солаи сокини ҳамон ҷо, ки аз ҷиҳати моддӣ тобеяш мебошад, бадбинӣ пайдо карда, муомилаи бераҳмона карда, мунтазам шаъну эътибори ӯро паст задааст.
Дар натиҷа аз ҷабру зулми хушдоманаш келинаш зани 33-сола, 12-уми марти соли 2025, тахминан соати 22:00, пас аз бо хушдоманаш ҷангҷол шудан, якчанд адад ҳабҳои гуногуни тиббиро баҳри худкушӣ кардан истеъмол намуда, заҳролуд гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.04.2025 8:25
63