Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми апрели соли 2025, тахминан соати 02:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел Астра», ки дар кӯчаи Шамсии пойтахт беназорат меистод, 1-адад ҷузвдон, як адад қуввадиҳандаи телефони мобилӣ ва 18 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 34 ва 33-солаи сокинони шаҳрҳои Турсунзодаву Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 24-уми июни соли 2024, тахминан соати 22:00, ба манзили истиқоматии зани 56-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз онҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 3-адад телефони мобилиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.