Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунии маблағи барқ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз соли 2022 то инҷониб дар вазифаи назоратчии барқи Шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ кору фаъолият намуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш давоми соли 2024 ва давраи сипаришудаи соли 2025 аз сокинони деҳаи Қизил Байроқи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамъ 27 нафар маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро тариқи нақдӣ ҳар моҳ аз 50 то 300 сомонӣ, дар маҷмуъ 58 ҳазору 750 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, аз ин 8 ҳазору 797 сомониашро ба суратҳисоби ташкилоти барқ ворид карда, боқимонда маблағи 49 ҳазору 953 сомониро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҷойи кораш роҳбари тиҷоратии «Шабакаҳои барқ» дар ноҳияи А.Ҷомӣ ва марди 51-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷойи кораш назоратчии «Шабакаҳои барқ» дар ноҳияи мазкур бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон бо маслиҳати пешакӣ бо дигар кормандони “Шабакаҳои барк” дар ноҳияи А.Ҷомӣ дар давраи фаъолияти кориашон соли 2024 ва 3-моҳи аввали соли 2025 бо истифода аз ваколати мансабӣ аз 68 нафар муштариён, ҷамъ маблағи 70 ҳазору 661 сомониро барои истифодаи қувваи барқ ҷамъоварӣ намуда, аз ин маблағ 38 ҳазору 366 сомониро ба барномаи биллингии ҶСК “Шабакаҳои тақсимот” дар шаҳри Бохтар ворид карда, боқимонда маблағи 32 ҳазору 774 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд. 
Нисбати гумонбаршавандагон ва дигар кормандони масъули “Шабакаҳои барқ” дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.04.2025 8:19
78