Дастгир гардидани ҷавони 19-сола бо ҷурми авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 22-юми феврали соли 2025, тахминан соати 17:20-дақиқа, ҳангоми дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии амакаш марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 27-солаи сокини шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро лату кӯб карда, баъдан гумонбаршаванда бо мақсади тарсонидан кордро ба тарафи ҷабрдида ҳаво додааст, ки дар натиҷа корд ба қафаси синааш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 14-уми апрели соли 2025, тахминан соати 09:40-дақиқа, дар саҳни бинои гимназияи “Сафина” аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, хонанди синфи 10-уми гимназияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба пойи чапи ҷабрдида зарба задааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.