Вохӯрӣ бо мушовири Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон
16-уми апрели соли 2025 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар Вазорати корҳои дохилӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо мушовири Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Кенъитиро Сасаме вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳо дар самти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва расонидани кӯмакҳои техникӣ доир ба таъсис додани милитсияи патрулӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дода шуданд.