Ёдат ба хайр, дӯст, бародар ва ҳамкори азиз!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги нобаҳангоми лейтенанти калони милитсия Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали – бозраси калони Взводи махсуси Ротаи хадамоти роҳбонии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сахт андӯҳгин мебошанд.
15-уми январи соли 2018 соати 20:00, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар кӯчаи Ҷ.Расулов, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, зимни боздошти воситаи нақлиётии тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 77-34 ЕА 01, ки ронандааш дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, ӯро аз пой зада меафтонад, ки риштаи ҳаёти корманди мо лейтенанти калони милитсия Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали дар сини 32-солагӣ канда шуд.
Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали 30 январи соли 1985 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳияи Файзобод соли 1999 ба Коллеҷи Техникии Тоҷикистон ба факултаи «Сохтмон ва роҳсоз» дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намудааст. Дар соли 2015 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултаи «Ҳуқуқшинос» дохил шуда, дар бахши 3-юм таҳсил менамуд.
Аз моҳи феврали соли 2013 дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор фаъолият намуда, дар ин муддат дар вазифаҳои ҳайати миёна ва роҳбарикунанда сарбаландона фаъолият намудааст.
Дар муддати кориаш дар мақомоти корҳои дохилӣ худро ҳамчун корманди фаъол ва ташаббускор нишон дода, баҳри волоияти қонун, тарбияи кормандони ҷавон, баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолият дар мақомоти милитсия кӯшиш ба харҷ медод.
Ин буд, ки фаъолияти кории Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати бозрасии давлатии ВКД ҶТ қадрдонӣ карда шуда, бо якчанд мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.
Марги нобаҳангоми дӯст, бародар, ҳамкор моро сахт андӯҳгин карда, ба аҳли оила ва хешу табори марҳум сабри ҷамил хоҳонем.
Хотираи неки Ҳукуматзода Камолиддин Раҷабали абадӣ дар қалби мо зиндаю ҷовид хоҳад монд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон