Ҳалокати ду хурдсол бар асари садамаҳои нақлиётӣ
14-уми апрели соли 2025, тахминан соати 10:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Шарифов Муродали Алиевич, соли таваллудаш 1996, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М.Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Чорсуи ноҳияи Муъминобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21-21”, таҳти идораи ронанда Холзода Файзулло Хол, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда, баъдан пиёдагардони ноболиғ, Назримадов Шарифҷон Саймуҳаммадович, соли таваллудаш 2012, Салимова Ёсуман Саймуҳаммадовна, соли таваллудаш 2013 ва Рабиев Исуф Гулмуродович, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Муъминободро, ки дар канори роҳ қарор доштаанд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, баъдан ноболиғ Назримадов Ш. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми апрели соли 2025, тахминан соатҳои 09:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Мирзоикромов Қаландар, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 8 марти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, зимни ба самти қафо ҳаракат намуданаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Бобозода Абдулло Абдураҳмон, соли таваллудаш 2023, сокини ноҳияи мазкурро ба қисми пушти автомашина пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Бобозода А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда ба беморхона дастрас гардида дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.