Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии зани 35-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2024 ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе қарор доштанаш зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 19 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон маҳсулоти крахмали ҷугоримакка дастрас мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

15.04.2025 8:56
12