Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар  заминаи ислоҳоти милитсия вохӯрии сеҷониба баргузор гардид

14-уми апрели соли 2025 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар Вазорати корҳои дохилӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон, ҷаноби Дениз Озаслан, намояндаи Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози Туркия (TIKA) ҷаноби Иброҳим Адҳам Онел вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ афсари миллӣ оид ба мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Департаменти Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Маҳмадиев Ҳайдар Холович, ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, майори милитсия Самадзода Фаррух Самад ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ мавриди мубодила қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таъмин намудани Вазорати корҳои дохилӣ бо техникаву таҷҳизотҳои зарурии соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

15.04.2025 17:59
28