Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 30-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 12-уми апрели соли 2025, тахминан соати 08:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш, воқеъ дар ҶДММ «Бозори Корвон» 1-адад ноутбукро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мауйян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини пойтахт содир намудааст. 
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

14.04.2025 8:51
12