Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми марти соли 2025, тахминан соати 17:00, бо ҳамроҳии рафиқаш “Муҳаммад” ном шахс ҳангоми дар назди бозори “Корвон” қарор доштанашон бо маслиҳати пешакӣ ба автомашинаи мусофиркашони тамғаи “Мерседес” нишаста, аз ҷайби марди 35-солаи сокини ноҳияи Муъминобод 1 ҳазору 270 сомониро тасарруф намуда, аз воситаи нақлиёт фаромадаанд, ки дар ин ҳолат ҷабрдида хабардор гардида, маблағашро талаб намудааст.
Баъдан гумонбаршавандагон ӯро лату кӯб намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.