Бо корд таҳдид намудани ҳамсар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов 7-уми апрели соли 2025, тахминан соати 09:15-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҳамсараш зани 51-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ ӯро таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.