Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биё, эй ҳамватан таъмири ӯ бо хишти ҷон созем!

12-уми апрели соли ҷорӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ бахшида ба таъсисёбии ин ниҳод чорабинии идона доир гардид. Дар он роҳбарияти Дастгоҳи марказии ВКД, сардорони ҷузъу томҳо, собиқадорону меҳмонон ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нахуст шуъбаи тиббиро ифтитоҳ намуда, аз озмоишгоҳ, ки муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои ҳозиразамони озмоишӣ мебошад, инчунин аз дорухона, ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), анбори хӯрока, шуъбаи қабули беморон, шуъбачаҳои бемориҳои сироятӣ, даруна, ҷарроҳӣ, ҳаммом ва ошхона дидан намуда, бо шароитҳои муҳаёгардидаи хизматии табибон, қабулу муоинаи беморон аз наздик шинос шуд.
Шуъбаи тиббии навбунёд дорои шароити зарурӣ буда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ пурра таъмин гардидааст. Вазири корҳои дохилӣ кормандони ин шуъбаро ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳидоят намуда, афзуд, ки ҳар як сарбоз фарзанди ин Ватану миллат аст ва бо онҳо падарвор ғамхориву табобату нигаҳбонӣ намоед. Бо дигар қисмҳои ҳарбӣ дар робита бошеду истифодабарии дурусти таҷҳизотҳоро риоя намоед.
Ҳамзамон, ба шуъбаи тиббӣ як нақлиёти Ёрии таъҷилӣ ва як нақлиёти дигар барои хизматрасонӣ ба кормандони ин шуъба тақдим намуд.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ Рамазон Раҳимзода аз толори варзишии ин қисми ҳарбӣ, ки аз нав таъмиру тармим шудааст ва бо шароиту лавозимоти хуби варзишӣ муҳайё гардидааст, шинос шуда, бо варзишгарони муваффақ суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Инчунин, аз майдонҳои варзишии футболу волейбол, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, дидан карда, барои сайқал додани маҳорати варзишӣ ва гузаронидани мусобиқаҳо изҳори андеша намуд.
Рамазон Раҳимзода ҳангоми боздид аз дастурхони наврӯзии бонувон онҳоро ба риояву эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят кард.
Ҳамчунин, Вазири корҳои дохилӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳвол, шароит ва рафти хизматбарии онҳо пурсон шуд.
Зимни баргузории чорабинии ҷашнӣ Вазири корҳои дохилӣ ба сухан баромада, ҳамаи афсарону сарбозони раёсат ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро ба муносибати таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД самимона табрику муборакбод намуда, барояшон осоиши рӯзгор, хотирҷамъӣ ва дар кору зиндагиашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Рамазон Раҳимзода аз шуҷоату ҷавонмардӣ ва далерии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ёдовар шуда, дар бораи саҳми босазоашон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пойдории сулҳу субот ва хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан суханронӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар охир бори дигар ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуда, таъкид кард, ки бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонидани кормандони Қӯшунҳои дохилӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.
Ҳамин тавр, бо фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 100 нафар хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагии ҷашнӣ, Сипосномаву Раҳматнома ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома собиқадорону сарбозони ин ниҳод суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. 
Дар ин чорабинии идона афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ дар назди ҳозирин маҳорату малакаи баланди ҷангӣ, аз ҷумла машқҳои тан ба тан, пешгирии ҳуҷуми ногаҳона, инчунин взводи қаравули фахрӣ машқ бо силоҳ нишон доданд.
Таҷлили расмии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ бо гузашти низомии афсарону сарбозони ин ниҳод ва ҳомиёни тартибот дар фазои тантанавӣ ҳусни анҷом ёфт.
Дар хотима барои болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагону ҳаҷвнигорон доир шуда, дастурхони идона ороста шуд.
Раҷаббек Илёсзода,
Наврӯз Ҷобиров

12.04.2025 15:15
233