Кунем, лозим оядо, нисор ҷону тан!
Ё чӣ тавр кормандони милитсия бар ивази ҷон чандин нафарро аз марг наҷот доданд
"Дар минтақаи хизматӣ қарор доштам, як нафар ба наздам омада, аз фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок хабар дод. Ба ҳамкоронам: Саюмарсу Лоиқ, ки барои наҷоти одамон ба мавзеи мазкур рафта буданд, занг задам. Аз он ҷониб садое наомад. Хавотир гаштам, ба худ гуфтам, ба инҳо чӣ шуда бошад? Дар сар сад фикру хаёл ба мавзеи тармафароӣ рафтам. Ҳамкоронамро наёфтам, баланд садо кардам. Чанд бор, такрор ба такрор. Ногоҳ як садои пасте аз сӯйи дарё ба гӯш расид. Саросемавор ба поён раҳсипор гаштам. Лоиқро дар ҳолати тарсу ҳарос ва ҳаяҷонзада ёфтам. Баъдан огоҳ шудам, ки ҳангоми хизмат чун онҳо мебинанд, ки тарма чанд нафар сокинонро ба коми худ фурӯ бурд, дарҳол аз пайи наҷоти шаҳрвандон шитофтанд. Ҳамин тавр, кормандони милитсия 4 нафар сокинонро аз зери барфтӯдаҳо берун, ба ҷойи бехавф бароварда, аз марг наҷот доданд ва вақте хостанд бори дуюм ба зарардидагони дигар ёрӣ расонанд, худ зери тарма монданд.
Тӯдаи барфе, ки сержанти калони милитсия Лоиқи Файзалӣ дар он дармонда буд, ба сӯйи дарё лағжид ва хушбахтона, дарё барфтӯдаро об намуд ва Лоиқ аз марг наҷот ёфт, вале мутаассифона, дар ин ҳодиса ҷони ҷавони старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов аз даст рафт. Ҷисми беҷони зери тарма мондаи ӯро 31-уми январ, аз лаби дарёи Майхура, ки аз роҳи калони мошингузар тахминан 750 метр дур аст, пайдо кардем".
Ин ҳодисаи даҳшатоварро чунин нақл намуд шоҳиди ҳодиса, корманди взводи шуъбачаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб, сержанти калони милитсия Алишер Раҳимзода.
Оре, маҳз фидокориву инсондӯстии ин нафарон буд, ки ҷони чандин шаҳрвандон аз доми марг наҷот дода шуд, вале боз ҳам дар ин ҳодисаи табиӣ як нафар корманди ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст дод.
Тавре командири взводи ШХДМ ШВКД дар ноҳияи Варзоб, майори милитсия Қиёбек Имомёрбеков иброз намуд, баъди огоҳӣ пайдо кардан онҳо ҳамроҳи роҳбарияти шуъба ба ҷойи тармафароӣ ҳозир шуданд. Роҳ аллакай баста буд, онҳо пиёда ба ҷойи ҳодиса рафта, бо кӯмаку дастгирии аҳолӣ 8 нафарро аз марг наҷот доданд ва ҷисми беҷони дигаронро низ аз зери барфтӯдаҳо бароварданд.
Бо расидани хабари фаврӣ роҳбарияти ВКД низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадови марҳум баъди адои хизмати ҳарбӣ моҳи марти соли 2016 ҳамроҳи бародараш Каюмарс ба ҳайси милитсионери шуъбачаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб ба кор шуруъ намуда буд.
Аз суҳбат бо ҳамкорони ӯ ба мо маълум гардид, ки Саюмарс ҷавони хушрафтор, хушмуомила, ботамкин ва дар муносибат ба кор ҷиддӣ буда, вазифаҳои хизматиашро нағз медонист ва супоришҳои роҳбариятро саривақт иҷро мекард. Ӯ дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаву беҳтарин хислатҳои инсониро доро буд. Барои дигар ҳамкорон намунаи ибрат ва ҷисману рӯҳан обутобёфта буд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
PS. Роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД ба наздикону пайвандони старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов, ки дар роҳи наҷоти шаҳрвандон ҷони худро аз даст дод, ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
Воқеан, он ҷасорату мардонагие, ки ин корманд ва дигар ҳамкорони ӯ нишон доданд, шаҳодати содиқ будан ба Савганд ва мояи ифтихори тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.