Вохӯрӣ бо намояндагони ВКД Федаратсияи Россия
9-уми апрели соли 2025 дар Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии сардори раёсати мазкур генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло бо намояндагони гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид. Мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи кории муштараки мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар баргузор гардида, масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният, мубодилаи иттилоот ҷиҳати пешгирӣ аз содиршавии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва роҳандозии фаъолияти якҷояи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои муштарак боз ҳам рушду густариш хоҳанд ёфт.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.