Ошкор шудани ҳодисаи одамкушӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 7-уми апрели соли 2025, тахминан соати 23:45-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо марди 41-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисмати чапи қафаси синааш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.