Боздиди Вазир аз Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД
8-уми апрели соли 2025 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити фароҳамгардида дар он аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ бо фаъолияти самарабахши Корхонаи дӯзандагии раёсат, ки моҳи ноябри соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, шинос гардида, бо кормандзанони ин коргоҳ вохӯрӣ доир намуд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ дастур дод, ки дар Коргоҳи дӯзандагӣ на танҳо барои кормандони милитсия, балки барои кормандони дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ сару либоси низомӣ дӯхта шавад.
Дар баробари ин, Вазири корҳои дохилӣ аз анборҳои нигаҳдории либосаву хӯрокаи раёсати мазкур дидан намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани шароити онҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба