Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
5-уми апрели соли 2025, тахминан соатҳои 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Спитамен Раҳимӣ, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар 19-ум километр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар қисмати чапи роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Ғафуров Юсуф Юнусович, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми апрели соли 2025, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Усмонов Тоирҷон Ҳалимович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Р.Ҳоҷаеви шаҳри Хуҷанд ба самти маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абдуллоев Абудовуд Алишерович, соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Абдуллоев А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
5-уми апрели соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Кӯчизода Уматкул Ҳадятулло, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Саидбурҳонов Аскобуддин Обидович, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи мазкурро паҳш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Саидбурҳонов А.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
5-уми апрели соли 2025, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “NISSAH Elgrand”, Ашуров Қурбонали Шарифович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Рӯдакӣ” аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати тарафи рости воситаи нақлиёт пиёдагард Шункуров Мирзомиддин Искандарович, соли таваллудаш 1968, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шункуров М.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дар беморхона қарор доштанаш ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрели соли 2025, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Сантафе”, Солиҳова Раъно Исматуллоевна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдат барои айёдати хешовандонаш ба суроғаи кӯчаи С.Айнии пойтахт омада автомашинаи мазкурро дар нишеби гузошта, ба хона даромадааст.
Дар натиҷа, автомашинаи мазкур ногаҳон ба ҳаракат даромада, хурдсол Ашурова Фарида Сайфиддиновна, соли таваллудаш 2023, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ашурова Ф.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрели соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи серчархаи тамғаи “Муравей”, Ашурматова Саёҳат Аброровна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҳангоми аз хонаи истиқоматиаш ҳаракат карда баромадан аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада хурдсол Уйғунзода Изоза, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Уйғунзода И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
6-уми апрели соли 2025, тахминан соати 13:00, ронандаи воситаи нақлиётии тамғаи “Электро Скутер”, Зиёев Бадриддин Кенҷаевич, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Чорсуи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи “Электро Скутер” набаромада, ба қисмати пушти воситаи нақлиёти тамғаи “Опел Вектра”, ки ба Раҳимов Дилшод Бобораҷабович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад ва дар канори роҳи мошингар аз қисмати рост беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи Зиёев Б.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дар беморхона қарор доштанаш ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.